Kontaktdaten

Сабти ном ба курс

Ҷойҳо маҳдуданд, касе якумин шуда сабт мекунад - интихоб ба он меафтад!

Мо дар Е-Майл ё Телеграм туро дар бораи интихоб маълумот медиҳем.

Ман забони олмониро тамоман намедонам. Оё ин курс барои ман мувофиқ аст?

Бале. Курс маҳз барои онҳое сохта шудааст, ки аз сифр оғоз мекунанд. Ҳама шарҳу фаҳмондадиҳӣ бо забони тоҷикӣ мегузарад, бинобар ин шумо ҳатто дарси якумро бе душворӣ мефаҳмед. Мо аз талаффуз, калимаҳо ва ибораҳои содаи ҳаррӯза оғоз мекунем ва аз рӯзҳои аввал ба гуфтор диққат медиҳем. Донистани ягон забони дигар барои оғоз шарт нест — танҳо хоҳиш, интернет ва ҳаррӯза каме вақт барои такрор лозим аст. Агар шубҳа дошта бошед, пеш аз сабт ба мо нависед ва вазъияти худро баён кунед.

Ин ҳолати маъмултарин аст ва сабаб қариб ҳеҷ вақт дар «қобилият» нест. Одатан вақти зиёд ба қоидаҳои нодаркор сарф мешавад ва гуфтор амалан машқ намешавад — барои ҳамин одам мехонаду гап зада наметавонад. Мо ҳамин хатогиро худамон аз сар гузаронидем. Аз ин рӯ дар курс аз садҳо мавзӯи грамматикӣ танҳо 20 мавзӯи калидӣ интихоб шудааст ва вақти боқимонда ба гуфтор, шунавоӣ ва такрор равона мешавад. Орзуи хом ваъда намекунем: натиҷа аз иштироки мунтазами шумо ва иҷрои саари вақти вазифаҳо вобаста аст.

Фаҳмондадиҳии грамматика, тарҷумаи калимаҳо, ҷумлаҳо, матнҳо ва диалогҳо пурра бо забони тоҷикӣ анҷом дода мешавад. Худи мисолҳо, машқҳо ва аудио бо забони олмонӣ мебошанд — ин муҳим аст, то гӯши шумо ба нутқи воқеии олмонӣ одат кунад. Таҷриба нишон медиҳад, ки вақте қоида бо забони модарӣ шарҳ дода мешавад, забономӯз онро зудтар мефаҳмад ва дертар фаромӯш мекунад. Донистани забони русӣ ё англисӣ барои иштирок дар курс лозим нест.

Ҷумлаҳои содда, шиносоӣ ва ибораҳои ҳаррӯза одатан дар ҳафтаҳои аввал ба даст меоянд. Вале сатҳи забондонӣ дар як моҳ ду моҳ намеояд. Худи Goethe-Institut эътироф мекунад, ки вақти зарурӣ барои ҳар сатҳ аз шахс ба шахс фарқ мекунад ва аз мунтазамӣ, вақти сарфшуда ва машқи иловагӣ вобаста аст. Барои мисол: барои A1 тақрибан 3 моҳ вақт, барои A2 + 6 моҳ, барои B1 тақрибан + 4 моҳ лозим меояд. Мо роҳро кӯтоҳ мекунем, вале ҷои меҳнати шуморо иваз намекунем. Шумо бояд омӯзишро бо масъулият қабул намоед.

Натиҷа пеш аз ҳама аз 3 чиз вобаста аст: мунтазамии иштироки шумо, қобилияти зеҳнии шумо ва вақте, ки берун аз дарс ба такрор, иҷрои машқҳо ва гуфтор сарф мекунед. Чун ҳар инсон ҳар хеланд – касе зуд мефаҳмаду зуд дар хотир мегирад ва дигаре тамоман баръакс! Барномаи курс тавре сохта шудааст, ки шуморо ба гуфтори мустақил ва ба омодагӣ барои имтиҳонҳои расмӣ (Goethe, telc) наздик кунад. Мо ба ҳеҷ кас сатҳи мушаххасро «кафолат» намедиҳем — чун ин ваъдаи хом мебуд. Ҳадафи худро (виза, Ausbildung, кор, таҳсил) пас аз 6 моҳи омӯзиш ба мо гӯед, то мо дақиқ бигӯед, то ки ба шумо вобаста аз касб терминалогияи касбӣ нишон диҳем.

Пеш аз сабт ба мо нависед ва бигӯед, ки пештар чӣ қадар омӯхтаед ва ҳадафатон чист. Барои навомӯзони комил ҳеҷ гуна санҷиш лозим нест — гурӯҳ аз сифр оғоз мешавад. Агар шумо пештар омӯхта бошед, мо якҷоя муайян мекунем, ки барномаи ҷорӣ ба сатҳи шумо мувофиқ аст ё не, то шумо на вақт ва на пулатонро беҳуда сарф накунед.

Дар давоми панҷ сол мо аз даҳҳо китоб ва беш аз 150 мавзӯи грамматикӣ гузаштем ва дидем, ки бештари онҳо дар гуфтори ҳаррӯза умуман истифода намешаванд — ҳатто худи олмониҳо онҳоро дар суҳбат риоя намекунанд. Барои ҳамин мо 20+ мавзӯи калидиро интихоб кардем — ҳамонҳое, ки асоси қолаби нутқро месозанд. Вақти озодшуда ба гуфтор, шунидан ва такрор равона мешавад. Ин маънои онро надорад, ки грамматика нест — маънои он аст, ки шумо танҳо чизи заруриро меомӯзед ва фавран қолаби гуфтор месозем.

Бале, гуфтор асоси курс аст. Дар ҳар дарс диалогҳо, саволу ҷавоб ва вазъиятҳои воқеӣ машқ мешаванд: аз тарзи дурусти худмуарифӣ, суҳбат бо олмонӣ барои қабули кор (собеседование), сӯҳбат дар сафорат барои бо мувафақият гирифтанӣ виза, дар айропорт, вокзал, қайди хона ва монанди ҳамин пайдарпайие, ба шумо лозим мешаванд. Аввал шумо намунаи тайёрро мешунавед, такрор мекунед, мехонед ва баъд онро бо калимаҳои худ тағйир медиҳед. Гурӯҳҳо хурданд — то 6 нафар, бинобар ин ҳар иштирокчӣ вақти гап задан дорад; дар гурӯҳҳои калон ин амалан ғайриимкон аст. Илова бар ин, аудиофайлҳо доред, то дар вақти холӣ низ мустақилона такрор кунед.

Ин мушкилии аксари забономӯзон аст ва он ҳалшаванда мебошад. Дар давраи курс шарики шумо барои практика худи дарс аст: диалог бо устод ва бо ҳамгурӯҳон. Берун аз дарс се машқҳои натиҷадиҳанда дода мешавад: таҳлили граматикию мазмунии матну аудиҳо, бо овози баланд хондан, такрор аз паси аудио ва чизи шунидаро дар дафтар навишта муқоиса намудан — бо овоз такрор кардан, на дар лаб. Рӯзе 10–15 дақиқаи чунин машқ аз як соат хониши хомӯшона бештар фоида медиҳад. Мо дар дарс мегӯем, ки маҳз чиро ва чӣ тавр машқ кунед.

Ин маъмултарин шикоят аст: одам солҳо мехонад, вале ҳангоми суҳбати воқеӣ худро мисли кар ҳис мекунад. Сабаб набудани машқи шунавоӣ бо нутқи табиист. Барои ҳамин ба курс аудиофайлҳо ва диалогҳои зинда дохил карда шудаанд: шумо мешунавед, такрор мекунед ва баъд ҳамон ҷумлаҳоро худатон истифода мебаред. Гӯш ба забон бояд одат кунад — ин раванди давомноку хело муҳим аст, ва он воқеан кор мекунад. Мо ҳамчунин маводи мувофиқро нишон медиҳем, то ҳар рӯз чанд дақиқа мустақилона гӯш кунед.

Калимаҳо на бо рӯйхати хушк, балки дар дохили ҷумла ва вазъият омӯхта мешаванд; исмҳо ҳамеша бо артикл (der/die/das) ва бо шакли ҷамъ ёд карда мешаванд — маҳз ҳамин ҷо аксари хатоҳо ба вуҷуд меоянд. Грамматика бо забони тоҷикӣ содда шарҳ дода шуда, фавран дар машқу мисолҳо мустаҳкам мегардад. Талаффуз аз дарси аввал бо аудио ва такрори баланд машқ мешавад, зеро баъдтар агар нодуруст одат шавад, ислоҳаш хеле душвор аст. Машқҳои хонаги хело муҳим ва бояд вале мунтазам иҷро шаванд — мунтазамӣ натиҷа медиҳад, на «кае вақт шуд ё як руз омӯхтан 10 руз не».

Тарс аз хато ин яке монеаҳои бузург аст ва ин ХАТТОИ хело сахт аст — инро аввалан бояд ислоҳ кард, ки мо дар дарсҳо аз рӯи ин ҳама низ кор мекунем.  Мушкилии асосӣ он аст, ки мо интизори «пурра омода шудан – идеалӣ» меҷӯем ва солҳо хомӯш мемонем. Дар дарсҳои мо ХАТТО хуш омаданд: чун хаттокорӣ ин табияти инсон аст, ва танҳо мушкилии шумо нест, балки ҳама дорад. Мо дар курс ба шумо методҳои бартарафкунии ин тарсро пешниҳод мекунем.

Мо дарсҳоро махсусан дертар гузоштем, чун мо аз ҳолати бештари шогирдон таҷриба кардем, то касе бекор нест – яке кор дигаре дарс, яке дар роҳ, дигаре дар меҳмонӣ… Дарсҳо онлайн ва дар соатҳи дертар мегузаранд, то баъди кор ё дарс мувофиқ ояд. Дар куҷо будани аҳамият надорад — телефон ё компютер бо интернет кофист. Соатҳо дар роҳ то марказ, интизории моҳҳо барои ташкили гурӯҳ ва харҷи иловагӣ вуҷуд надорад.

Агар аз дарсе қафо мондед, хавотир нашавед! Чун ҳар як дарс барои такрор ё маҳз барои ин ҳолатҳои қафомонӣ дар гуруҳи махкам, сабти видеоӣ мешаванд, то шумо имконияти такрор ё худомузӣ аз видеоҳо дошта бошед ва аз ягон дарс қафо намонед. Ва барои саволҳои зиёдатӣ устодро доред!

Дарсҳоро Устод Саторров. — муаллиф ва коргардони барномаи KlaresDeutsch мегузаронад. Ӯ зодаи Тоҷикистон буда, ҳоло дар Олмон истиқомат мекунад ва роҳи омӯзиши забонро худаш аз сифр то гуфтори озод бо олмониҳо тай кардааст — аз худомӯзӣ ва марказҳои забономӯзӣ то зиндагӣ ва кор дар муҳити олмонӣ. Ва инчунин тақрибаи баланд бо дигар забонҳои хориҷӣ низ дорад. Аз ҷумлаи: Руссӣ, Англисӣ, Булғорӣ ва Ӯзбекӣ.

Телефон ё компютер, интернет, барономаи Zoom ва дилхоҳ наушник барои шунидани аниқи аудио. Дафтару ручка барои қайдҳо тавсия дода мешавад — навиштани дастӣ ба зудтар омӯхтан кӯмак мекунад. Маводи асосӣ — дастури таълимӣ, аудиофайлҳо ва вазифаҳо — аз ҷониби мо ба таврӣ электронӣ дода мешавад, харидани китобҳои иловагӣ шарт нест. Ҳамин тавр, ба ҷои даҳҳо китоб ба шумо як телефон кофист.

Нархи ҷорӣ 590 сомонӣ дар як моҳ аст . Пардохт моҳона, дар аввали моҳ анҷом дода мешавад — яъне шумо якбора барои тамоми курс пул намедиҳед. Ин тахфифи муваққатӣ барои аввалин забономӯзон аст ва бо мурури вақт нарх боло меравад. Муҳим: пардохти имтиҳонҳои расмии Goethe ё telc ба нархи курс дохил нест — онро мустақиман ба маркази имтиҳонгузории ин институтҳо месупоред.

Агар баъди дарси якум шумо огоҳ кунед, ки дигар иштирок кардан намехоҳед – онгоҳ бале, пурра маблағатонро бармегардонем! Вале баъди дарси дуюм пардохти моҳонаи шумо дигар бар намегардад, чун шумо алакай ҷойро банд кардед, ва як нафари дигаре, ки мехост бо мо биомӯзад, метавонист ба ҷои шумо бошад! Пардохт моҳона аст — ва ягон хатарӣ пулсузӣ нест: шумо якбора маблағи калон намедиҳед ва баъди ҳар моҳ метавонед қарори худро аз нав баррасӣ кунед. Агар дарсҳо барои шумо маъқуланд, хоҳед ҳармоҳа давом диҳед ва ҳар вақте хоҳед бас кунед!

Бале — вале на сертификати мо на сертифакҳои марказҳои забономӯзӣ дар Тоҷикистон ба шумо кор намеоянд, чун сафорат ва Олмон онҳоро нашинохтааст ва кафолат надорад! Дар оянда ба шумо танҳо сертификатҳои шинохта аз:  Goethe-Institut, telc, ÖSD, TestDaF ва монанди инҳо лозим мешаванд. Мо ба супоридани ин имтиҳон тайёр мекунем, вале сертификати расмиро танҳо марказҳои имтиҳонӣ Goethe-Institut, telc, ÖSD, TestDaF медиҳанд.  Дар раванди виза сафоратхонаҳои Олмон маҳз ҳамин гуна сертификатҳоро (мутобиқи стандарти ALTE) қабул мекунанд; ҳуҷҷати макрказҳо забономӯзии дигар қабул намешавад. Ҳамчунин мо виза, кор ва натиҷаи имтиҳонро кафолат намедиҳем — мо ҳатто ба нафаси навбатии худ кафолат надорем!  Касе кафолат медиҳад – дуруғ мегуяд! Мо роҳ нишон медиҳем, мефаҳмонем, мавод медиҳем, вазифа медиҳем ва аз шумо маъсулият ва иҷрои бооронаи супоришҳоро талаб мекунем –  қадами ниҳоӣ аз худи шумост.

Дар худомӯзӣ чаҳор чиз намерасад: вақти беҳад зиёд талаб мекунад, чун: системаи дуруст, роҳнамо ва ислоҳӣ хатогиҳо дар ин роҳ — касе хатои шуморо ислоҳ намекунад ва шумо намедонед, ки чиро аввал ва чиро баъд омӯзед. Дар бештари марказҳои забономӯзӣ бошад, вақти зиёд дар роҳ, гурӯҳҳои калон ва моҳҳо интизории оғози дарс сарф мешавад. Дар курси мо бо таҷрибаи панҷсолаи худ шуморо: роҳнамои мекунем, бо забони тоҷикӣ мефаҳмонем, гурӯҳи то 6 нафара дорем – то вақт барои ҳар яки шумо кофӣ бошад, диққати асосӣ ба гуфтор, зуд омӯхтани забон ва чизҳои зарурӣ дар ин роҳ дода мешавад.  Шогирдон аз дарсдиҳии мо розианду ба ҳама тавсия медиҳанд.