Бо мо зудтар ба Олмон

Гуфтори озод

бо DEUTSCH

зудтар ва осонтар

Омӯзиши мукаммал бо натиҷаҳои воқеӣ – пурра бо забони тоҷикӣ

Соли таҷриба бо забонҳои хориҷӣ
0 +
Соли омӯзиши Олмонӣ
0 +
Соли истиқомат дар Олмон
0 +
Шогирдони муваффақ
0 +

Чаро забономӯзон маҳз моро интихоб мекунанд

Роҳи мо дар омӯзиши ин забон дарозтар ва душвортар буд

Мо алоқаи қавӣ ва 5 сола бо ин забон дорем. Омӯзиши ин забон бо роҳҳои гуногун ҳам худомӯзи ва ҳам дар марказу назди устодон барои мо амалӣ гардид. Яке аз критерияҳои муҳим барои забони хориҷӣ — муоширати зинда бо соҳибзабонон мебошад.

Мо дар доираи 3 сол дар Олмон бо онҳо кору фаъолият кардем. Дар баробари ин, даҳҳо нафарҳоро бо омӯзиши ин забон кӯмак кардем ва дарсҳои онлайнӣ низ пеш мебарем. 

Забономӯзон фарқиятро аллакай аз дарси якум эҳсос мекунанду мегӯянд — соддатар, фаҳмотар ва беҳтар аст.

Ин роҳи дарозу душвор моро имкон дод, то омӯзишро барои дигарон осон гардонем

2 соли омӯзиш дар Тоҷикистон

Зиндагӣ дар муҳити олмониҳо

3 соли худомӯзӣ дар Олмон

Дарсҳо аз рӯи дастури шахсан омодакардашуда мегузаранд

Мо дар муддати 5 сол зиёда аз 30 китобҳо ва 150+ мавзӯҳои грамматикиро аз худ намудем. Вақт, таҷриба ва мулоқоти мустақим бо худи олмониҳо нишон дод, ки аслан барои бо ин забон гап задан шуморо 5 солу 150+ мавзӯҳои грамматикӣ лозим нест. Он чизҳое, ки солҳо меомӯзем, ҳатто худи олмониҳо намедонанд ва бештари онҳо дар гуфтор истифода намешаванд.

Аз ин рӯ мо ба ҷои 150 мавзӯи нолозим — танҳо 20 грамматикаҳои калидиро интихоб намудем ва диққати асосиро ба практикаи гуфтор медиҳем

Китоби таълимии шахсӣ

Қадамҳои дурусти таълим

Методҳои натиҷадиҳанда

Фаҳмондадиҳии мукаммал бо забони модарӣ

Мо асосҳои грамматикиро пурра бо забони тоҷикӣ соддаву дақиқ мефаҳмонем.
Тарҷумаи калимаҳо, ҷумлаҳо, матнҳо ва диалогҳо низ бо забони тоҷикӣ анҷом дода мешаванд.

Бо забони модарӣ фаҳмидани қоидаву мафҳумҳо хело муҳиманд!

⭐Яъне ин фаҳмишро зудтар мегардонад⭐

Забон ин танҳо гапзанӣ нест, балки ҳам дуруст фаҳмидан аст

Агар Ту аҳамият диҳи, шахсе, ки солҳо забон мехонад, вақте олмони гап мезананд, худро мисли кар ҳис мекунад, ё чуноне, ки гуё ҳатто тамоман забон наомӯхтааст.

Барои ин танқисиро бартараф кардан, мо аудио ва диалогҳои зинда барои дарки нутқи олмони илова кардаем, то гуши Ту ба ин забон одат кунад

Нутқи зинда мешунавӣ

Такрор мекунӣ ва гап мезанӣ

Вақтҳои мувофиқ ва бе халалрасонӣ ба кору дарс

Оила, кор, мактаб ё донишгоҳ… Аслан одами бекор нест – ҳар яки мо серкорему бандем.

Барои ҳамин мо вақтҳоро дертар мегузорем, то барои Ту баъди кор ё дарс мувофиқ ояд!

Ва новобаста аз ҷой! Дар хонаи худ, дар меҳмонӣ, дар ҷои кор фарқе нест, телефони Ту ҳар вақт бо Туст!

Дар вақтҳои озоди Ту

Тарси аз дарс қафомонӣ нест!

Сертификат ➠ шарти якуми ба Олмон омадан!

Бале! Бидуни сертификатҳои шинохтаи Олмон, хело душвор аст, ягон кору фаъолияте дар Олмон пайдо кардан.

⭐Барои ҳалли ин мушкилии дарднок ва харҷнок⭐

Мо дарсҳоро чунон омода сохтаем, то Ту бо анҷоми ин курс аллакай барои “бе душворӣ гирифтани ин сертификатҳои зарурӣ” омода бошӣ.

Geothe

Сертификат шарти аввалиндараҷа

Telc

Вақт - бебаҳотарин чизест!

Аз дидаи худ ва даҳҳо забономӯзон “барои дарёфти як маркази забономӯзӣ ва ташкилӣ як гурӯҳи мукаммал барои оғози дарс” – аз 2 моҳ то 6 моҳ вақт сарф мешавад, ки кам нест!
Болои ин ҳама аз 1 то 2 соат танҳо дар роҳ то марказ сарф мешавад

⭐Бо мо соатҳо дар роҳ будан будан шарт нест ва моҳҳо интизорӣ оғози дарс сарф намешавад⭐

Экономияи вақт

Бидуни “соатҳо дар роҳ”

Баҷои даҳҳо китобҳо – як телефон

Арзонтарин роҳи забономӯзӣ!

Таъриф ё воҳима нест! Поён қоил мешавӣ!

Аз рӯи ҳисоби миёна барои омӯзиши ин забон аз 10 / 9 нафар минимум 18 моҳ вақт ва пули аз ҳад зиёд гирду атрофи 11 700 сомонӣ харҷ мекунанд. Худи ман яке аз инҳо будам!

Бовар надорӣ??? Пас...

Wer - ich bin?

Shahrom S.

Автор ва коргардони барномаи “KlaresDeutsch

Истиқомат: Олмон

Гуфтор ва таҷриба бо забонҳои:

Забони модарӣ ➩ Тоҷикӣ

Keep this text field as such 100%

Олмонӣ ➩

Keep this text field as such 100%

Англисӣ ➩

Keep this text field as such 70%

Руссӣ ➩

Keep this text field as such 100%

Булғорӣ ➩

Keep this text field as such 100%

Ӯзбекӣ

Keep this text field as such 80%
Асалому Алайкум! Ман Шаҳром, аз Тоҷикистон ҳастам.
Омӯзиши забонҳо шавқи ман аз давраи мактабӣ буд. Аз ҳамон вақт ман аввал ба омӯзиши забони русӣ ва баъдан забони англисӣ сар кардам. Баъди хатми мактаб аллакай бо забонҳои Руссӣ, Ӯзбекӣ ва Англисӣ озодона суҳбат карда метавонистам.
Роҳи ман дар омӯзиши забони Олмонӣ бошад, аз охири соли 2019, дар давраи донишҷӯӣ оғоз шуд. Аввал худомӯзиро аз рӯи 16 дарси полиглоти маъруф Дмитрий Петров оғоз намудам ва ин аввалин шиносоии ман бо забони олмонӣ буд.

Баъд аз ин, барои идома додани худомӯзӣ роҳ ҷустам ва ба ман китоби «Deutsch – Камянова»-ро маслиҳат доданд. Ман ин китобро то лексияҳои 14 ё 15-ум худомӯзӣ намудам.

Бо вуҷуди ҳамаи ин, аз натиҷа қаноатманд набудам ва ба ҷустуҷӯи маркази омӯзиши забонҳо шурӯъ кардам. Дар яке аз марказҳои шаҳри Душанбе зиёда аз се моҳ аз рӯи китоби «Menschen» забони олмониро омӯхтем.

Ҳамин тавр, қариб як сол дар умум вақт сарф шуд. Оё натиҷа қаноатбахш буд? АЛБАТТА НЕЕ!

Баъди ин муддат ба ман устод Амакиев-ро маслиҳат доданд. Мо назди ин устод то дараҷаи B1 дар дарсҳояш иштирок намудем, тақрибан ҳашт моҳ.

Ниҳоят, вақти ҳаракат ба сӯи Олмон расид. Ман нафареро пайдо кардам, ки дар ин самт таҷрибаи зиёд дошт ва ба чандин нафарон барои гирифтани виза ва рафтан ба Олмон кӯмак кардааст.

Ин устод доно буд ва медонист, ки чӣ гуна дар муддати кӯтоҳ моро барои сафорат ва мусоҳиба омода созад, инчунин медонист, ки сафорат айнан чӣ мехоҳад.

Вақте ки ин устод сатҳи забондонии маро санҷид, худи ман фикр кардам, ки қобилияти гапзании ман бо забони олмонӣ тамоман сифр аст. Мо маҷбур шудем, ки барои муваффақияти корамон боз се моҳи дигар махсус барои рушди гапзанӣ бо забони олмонӣ таҳсил кунем.

Вақте ба Олмон ворид шудем, дар муошират бо ин забон боз ҳам мушкилӣ мекашидем ва хеле шарм медоштем, зеро бисёр вақт табъи олмониҳоро хира мекардем: ё намефаҳмидем, ё гап зада наметавонистем.

Ҳамаи ин маро водор сохт, ки омӯзишро ҷиддитар идома диҳам. Ду соли дигар дар ин ҷо бо олмониҳо суҳбат кардам ва забон омӯхтам.

Дар ниҳоят, барои ман як дарси хеле муҳим шуд: роҳҳое, ки мо тавассути онҳо забон меомӯзем, моро танҳо муаллими грамматика мегардонанд, вале моро ба гуфтор намеоранд.

Дар ҳоле ки мо забонро пеш аз ҳама барои гап задан меомӯзем!

Маҳз ҳамин таҷриба ва ҳамин қисса сабаб шуд, ки ман сохтори дурусти омӯзиши забон — «KlaresDeutsch»-ро таҳия намоям.

Ин система шуморо зуд ба гапзанӣ меорад, дар муддати кӯтоҳ натиҷа медиҳад ва ба шумо кӯмак мекунад, ки ҳарчи зудтар ба Олмон биёед.